24 ноябр дар шаҳру ноҳияҳо Рӯзи Парчам таҷлил мешавад

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола санаи 24 ноябр таҷлил мешавад, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои идона гузаронида мешавад.

Чорабинии вилоятӣ рӯзи 24 ноябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардида, дар назар аст, ки дар он теъдоди зиёди сокинон иштирок намоянд.

Ифтитоҳи фабрикаи парандапарварӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич фабрикаи парандапарварӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Фабрикаи мурғпарварӣ аз ҷониби соҳибкор Расул Азимов бо харҷи қариб ду миллион сомонӣ дар масоҳати наздик як гектар замин бунёд гардида, дар ду бино ва иншооти ёрирасон қариб 30 ҳазор сар мурғи тухмдеҳ ва чӯжа парвариш карда мешавад.

Ифтитоҳи бинои нави Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҳаллаи Сайҳуни шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул бинои нави Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба истифода дода шуд.  

Бинои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи меъмории миллӣ сохта шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат аст.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш