Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои милливу башарӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ байни кӯдакону наврасон шуруъ аз 1 июни соли ҷорӣ дар китобхонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд маҳфили доимоамалкунандаи "Донандагони осори Пешвои миллат" роҳандозӣ карда шуд.
Маҳфили мазкур ҳар ҳафта як маротиба баргузор гардида, дар он асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутолеа ва шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Дар доираи маҳфил хонандагон мулоҳизаи худро баён намуда, тавассути асарҳои арзишманд аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва тамаддуни миллати тоҷик огаҳӣ пайдо мекунанд.



Бахшида ба ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100 солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Меҳрубон Назаров бегоҳии 22 июни соли ҷорӣ дар Театри давлатии русии драмма ва мазҳакаи шаҳри Бӯстон намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-и ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ пешниҳоди тамошобинон гардид.
21 июн дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич боздид ба амал овард.
