Дар толори Театри драмавӣ-мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт маросими ҷамъбастии озмуни «Ҳунарманди сол» баргузор гардид.
Тибқи баҳогузории ҳакамони озмун дар бахши кандакорӣ Ҳакимов Мелиқузӣ аз Ҷамоати деҳоти Ашт, дар бахши дӯзандагӣ Негматова Гулноза аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, дар бахши наққошӣ-кулолгарӣ Юлдошев Боҳир аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, дар бахши бофандагӣ Тошматова Хуморой аз Ҷамоати деҳоти Ошоба, дар бахши оҳангарӣ Абдухалилов Бахтиёр аз Ҷамоати деҳоти Ашт ғолиб дониста шуданд.



Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳо бо маром ҷараён доранд.
Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент шакли сайёри намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 15 сентябр идома менамояд. Кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Панҷакент имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.
