30 май дар Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

30 майи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» 16 май ба тасвиб расид.

Тавре дар дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иҷлосияи мазкур 30 майи  соли 2022, соати 10:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда мешавад.

Маҳфили илмӣ – адабӣ бахшида ба 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмӣ – адабӣ бахшида ба 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматулло Мирзо баргузор гардид. Дар он роҳбарияти донишгоҳ, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, нависандагону адибони вилоят, устодон, донишҷӯён ва мухлисони осори арзишманди нависанда сарҷамъ омаданд.

Маҳфилро мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, профессор Замира Ӯлмасова ҳусни ифтитоҳ бахшида аз мақому манзалати Кароматуллоҳи Мирзо дар адабиёти муосири тоҷик суханронӣ намуд. Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб дар хусуси осори арзишманди нависанда ҳарф зада, саҳми ӯро дар рушду инкишофи адабиёти навини тоҷик басо назаррас арзёбӣ намуд. Тибқи барномаи маҳфил мусоҳибаи озоди нависанда бо дотсент Баҳром Мирсаидов баргузор гардид, ки ҳозирин аз суҳбати онҳо ҷаҳони маънӣ бардошт намуданд.

Малика Уралова дар  озмуни “Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона” ғолиб шуд

Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, узви фаъоли маҳфили илмӣ – ҳунарии “Лоиҳакаши муосири либос” Малика Уралова дар  озмуни “Ҳафтаи мӯд дар водии Фарғона” ғолиб шуд.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамъиятии “Оянда аз имрӯз оғоз мешавад” доир шуда, донишҷӯи тоҷик либосҳои миллӣ ва аврупоии омодакардаи худро ба намоиш гузошт.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш