3 октябр қабули мавод ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда-2022» оғоз ёфта, то 20 октябр идома меёбад.
Озмуни анъанавии “Хомаи созанда” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят, инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона, инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб миёни кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд мешавад.



Дар шаҳри Панҷакент аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол доир шуд, ки дар он 5 даста фаъолона иштирок карданд.
