Дар доираи сафари соҳибкорони вилояти Красноярск ба вилояти Суғд бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ 2-юми август дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва вилояти Красноярск баргузор гардид.
Соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Русияро ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева роҳбаладӣ намуд.



Дар толори муҳташами Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент маросими қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, озмуни шаҳрии “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бошандагони маҳаллаи ба номи А. Ҷомии Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба масофаи як километр роҳ мумфарш карда шуд.
