Дар шаҳри Панҷакент аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
Дар саҳни майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Панҷакент ба ин муносибат ҳамоиш доир шуда, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода таъкид дошт, ки хидмат ба Ватан, ҳимояи марзу буми он аз муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як ҷавонмард аст ва хидмат дар сафи неруҳои мусаллаҳро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби ватандорию мардонагӣ унвон кардаанд.



Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол доир шуд, ки дар он 5 даста фаъолона иштирок карданд.
Бо мақсади беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, азхудкунии имкониятҳои нави технологияи иттилоотӣ ва ба ифтихори иди касбии омӯзгорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба муассисаҳои таълимии ноҳия беш аз 120 таҷҳизоти муосири хониш, аз қабили тахтаҳои электронӣ – 34 адад, проекторҳои мултимедиявӣ – 34 адад, ноутбуки нави замонавӣ – 34 адад, компютер – 30 адад ва мизу курсӣ барои 800 ҷойи нишаст тақдим карда шуд.
