Дар Истаравшан гуруҳи корӣ бо аҳолӣ мулоқот баргузор намуд

Тибқи нақшаи тасдиқшуда дар шаҳри Истаравшан бо иштироки гуруҳи таблиғотии вилоятӣ дар ҳайати Хуршеда Хоҷазода-сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мавлуда Шарипова - собиқадори меҳнат, инчунин сардори шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шамсиддин Амаков ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Фируз Одиназода бо қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот доир гардид.

Дар Арт-галерияи “Сомониён” бахшида ба сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ озмун доир шуд

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ташкилоти ҷамъияти “Сипари Сулҳ” дар толори Арт-галерияи “Сомониён”-и шаҳри Хуҷанд озмуни рассомии хонандагони мактабҳои санъат ва рассомии бачагона баргузор гардид.

Мусобиқаи вилоятӣ оид ба тирандозӣ таҳти унвони “Бонувони шуҷои Ватан” доир гардид

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 16 феврал дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба тирандозӣ таҳти унвони “Бонувони шуҷои Ватан” баргузор гардид.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш