9-уми ноябри соли 2022 дар толори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара дар мавзуи “Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки олимону донишмандон, намояндагони мақомоту идораҳоро ба ҳам овард.
Дар конференсия меҳмонон - узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Карима Ҳакимова, муовини раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, ходимони давлатию сиёсӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова ва Мирзошариф Исломиддинов, раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсуфов ва дигарон иштирок намуданд.



Дар давраи таътили тирамоҳӣ тибқи нишондоди Раёсати маорифи вилояти Суғд ва нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо мақсади ҷалб намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эҷодкорӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона, ҷалб намудани онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва тарғиби ашъори ноби шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ устод Фарзона дар Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни “Фарзонахонӣ” баргузор карда шуд.
Рӯзҳои 7, 8 ва 9 ноябр як гуруҳ соҳибкорон аз Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл ба вилояти Суғд омаданд.
