14 октябри соли 2022 бахшида ба 30- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Иҷлосияи тақдирсоз- заминаи рушди босуботи кишвар" дар толори Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷандчорабинии тантанавии Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавии мазкур Меҳрӣ Олимшо- мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Ҷумъа Давлатов- директори Агентии хизмати давлатӣ, Зайнура Азимӣ- муовини Раиси вилояти Суғд, Рафиқа Мусоева- собиқадори хизмати давлатӣ, вакили Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ ва Гулафзо Савриддинова- собиқадори хизмати давлатӣ, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Инчунин дар чорабинии мазкур 350 нафар хизматчиёни давлатии ниҳодҳои давлатии ҳудуди вилояти Суғд иштирок намуданд.



Дар асоси нақшаи чорабинии Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 октябри соли 2022 аёдати сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби намояндагони Раёсати кор бо занон ва оила, модарон ва занҳои собиқадор ба роҳ монда шуд.
Дар асоси нақшаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 12 октябри соли 2022 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешвои миллат ва иҷлосияи тақдирсоз» суҳбат дар атрофи мизи мудаввар баргузор гардид.
