Як гурўҳ ҳунармандони вилояти Суғд аз марказҳои атласу адрасбофӣ, ҳамчунин кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуданд.
Ҳайати ҳунармандони вилояти Суғдро Ҳокими шаҳри Марғелон Адҳамҷон Зиёваддинов пазироӣ намуд. Дар доираи сафари корӣ ҳайати ҳунармандони тоҷик аз шаҳрҳои Марғелон, Фарғона, Риштон, Қуқанд ва Намангон дидан намуда, бо ҷараёни кори атласу адрасбофони узбек аз наздик шинос мешаванд.