Бо мақсади густариши корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар маҳал, ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ моҳи апрели соли ҷорӣ озмуни вилоятии «Сайри гули лола» гузаронида мешавад.
Дар озмун маҳалла, деҳа, шаҳрак, деҳот, ноҳия, шаҳр иштирок карда, гуруҳҳои кории вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳо ғолибонро аз рӯи шартҳои озмун муайян мекунанд.
Ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ супорида шуда, шахсони ташаббускор ва роҳбарони корхонаву муассисаҳо, ки дар озмун фаъолона иштирок мекунанд, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сарфароз гардонда мешаванд.



1 марти соли 2023 дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд форуми тиҷоратии соҳибкорони вилояти Суғд ва вилояти Нижегороди ФР баргузор гардид.
Боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд аз қадимулайём дар байни дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҷои намоёнро ишғол менамояд, зеро ба иқлими ин минтақа бештар дарахтони мевадиҳанда, аз қабили донакдор, тухмакдор, ситрусӣ ва субтропикӣ хос мебошанд. Далели ин зиёд гардидани талаботи давлатҳои хориҷӣ ба хушкмеваҳо ва меваҳои тару тозаи вилоят мебошад, чунки меваҳои ин минтақа бо таъму маззаи худ фарқ мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмурзода хабар медиҳад.
