4 ноябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии идона раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли зиёи шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр, собиқадорон, ҷавонон ва фаъолон ширкат варзиданд.



4 ноябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи шанздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санаи 3-юми ноябри соли равон дар толори калони раёсати донишгоҳ бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳа, устодону муҳассилини донишгоҳ конференсияи илмӣ таҳти унвони “Конститутсия поягузори низоми муосири давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
