Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид.
Кормандони ташкилоту идораҳо дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, даромадгоҳи шаҳр ва шафати роҳҳои протоколӣ ниҳолҳои навъи серени ҳиндӣ, липа, магнолӣ ва дигар навъҳои дарахтони ороиширо шинониданд.



Дар доираи омодагиҳо ба 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар мавзӯи "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон" конфронс баргузор гардид, ки дар он доираи васеи хизматчиёни давлатӣ, собиқадорон, омӯзгорону ҷавонон иштирок намуданд.
Намояндагони Бонки осиёгии Рушд оид ба таҳқиқот барои асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар доираи ташаббуси долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд сурат мегирад, ба вилояти Суғд омаданд.
