"Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ - таҳкимбахши пояҳои Истиқлол". Дар ноҳияи Айнӣ конференсия доир шуд

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони  “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ – таҳкимбахши пояҳои Истиқлол” баргузор гардид.

Дар конференсия роҳбарияти ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, намояндагони занону ҷавонон ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Ташрифи аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Суғд

Нимаи дуюми рӯзи 2 ноябр гуруҳе аз аҳли илму фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вилояти Суғд ташриф овард.

Меҳмонон дар доираи барномаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд қарор дошта, имрӯз 3 ноябр аз марказҳои таълимии ҳунармандии маркази вилоят боздид мекунанд. Соати 15-00-и имрӯз дар Кохи фарҳанги "Суғдиён" намоиши фарҳангии эҷодкорони эронӣ бахшида ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Барои бойгоншиносони вилояти Суғд семинар - машварат доир шуд

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо иштироки зиёда аз 70 нафар бойгоншиносони вилояти Суғд семинар  - машварат гузаронида шуд.

Семинар - машваратро муовини раиси шаҳри Истаравшан  Фирӯза Мӯъминзода оғоз  бахшид ва баъдан мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ иштирокчиёнро бо барномаи семинар шинос намуд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш