Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи мебелбарории ҶДММ «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувони  маҳаллӣ бо шароити хуби кор  ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтаанд.

Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.

Дастгоҳу таҷҳизоти васлгардида дар корхонаи мазкур аз давлатҳои Чин ва Туркия ворид гардида, онро мутахассисони маҳаллӣ идора мекунанд.

Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва ФАРНИТУРА аз Федератсияи Русия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва дизайни муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода карда мешавад.

Корхона имкон дорад, ки бо истифода аз муосиртарин дастгоҳҳо дар раванди истеҳсоли мебел дар як моҳ 1000 метри мураббаъ ЛДСП ва МДФ-ро коркард намояд.

Истеҳсолоти корхона дар марҳилаи аввал ба таъмини бозори дохилӣ равона гардида, масъулон дар асоси дастуру маслиҳатҳои Сарвари давлат иқдом гирифтаанд, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони ҶДММ «Нуртез»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

8 феврал сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.

Дар ин шаҳри саноатӣ нахуст бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ - бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, истеҳсол карда мешавад.

Истеҳсоли мехҳои печон тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст, сурат мегирад.

Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазир аст.

Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ талабот ба мехи печон дар як сол 8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Корхонае, ки имрӯз ба истифода дода шуд, метавонад пурра талаботи вилояти Суғдро бо мехи печон таъмин намояд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот таъкид гардид, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шуд ва дар оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ боз 50 нафари дигар соҳиби шуғли доимӣ мегарданд. Яъне шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатии шаҳри Бӯстон ба 100 нафар расонида мешавад.

Барои истеҳсоли мехҳои печон ашёи хом асосан аз Федератсияи Русия ворид кард мешавад.

Мехҳои печони корхона аслан барои насби шифер, гачкартон, сохтани мебел ва дар маҷмуъ ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, муҳлати истифодаашон тӯлонӣ аст ва дар ҳамин замина аз ҷониби истеҳсолкунандагон ба сифати маҳсулот пурра кафолат дода мешавад.

Дар вақти истеҳсоли маҳсулот ҳаҷми ками партов ба вуҷуд меояд, ки он ҳам дар корхонаҳои оҳангудозӣ дубора мавриди коркард қарор мегирад.

Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки истеҳсоли мехҳои печонро мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Соли 2019 корхонаи якумро ҳам соҳибкорони шаҳри Бӯстон ба кор дароварда буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.

Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия

3 декабри соли ҷорӣ дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Даврон ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини соҳаи тандурустии вилоят, мудирони шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш, фаъолони ҲХДТ, собиқадорон ва аҳли зиё ширкат варзиданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш