Даври вилоятии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» моҳи сентябр доир мегардад

Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба имзо расид.

Даври вилоятии озмун моҳи сентябр гузаронида шуда, низомнома ва ҳайати коммисияи он тасдиқ гардид. Озмун аз рӯи номинатсияҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ миёни хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, омӯзгорон гузаронида мешавад. 

Даври вилоятии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» моҳи август доир мегардад

Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба имзо расид.
Тибқи қарор низомнома ва ҳайати комиссия тасдиқ гардида, раёсату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмун вазифадор гардидаанд. Даври вилоятии озмун моҳи август доир хоҳад шуд.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакон ва наврасон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср миёни хонандагони мактабҳо, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, омӯзгорон ва ходимони илмию адабӣ доир шуда, ба ғолибон мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба маблағи умумии беш аз 590 ҳазор сомонӣ супорида мешавад.

Муборизаи беамон бар зидди гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ амри зарурист

Дар маҳаллаи «Чашмаи арзана»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, масъулини сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ мулоқот доир шуд.
Тазаккур дода шуд,  ки тамоми азму талош, ташаббусҳои созандаву бунёдкорона ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидаанд, ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар, таъмин намудани истиқлоли энергетикии он, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ба кишвари пешрафтаву саноатӣ табдил додани Ватани маҳбубамон равона шудаанд. Истиқлоли давлатӣ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули ҳувияти миллии мо ва муқаддастарину бузургтарин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш