Сафари соҳибкорони Ҷумҳурии Туркия ба вилояти Суғд

Рӯзҳои 7, 8 ва 9 ноябр як гуруҳ соҳибкорон аз Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл ба вилояти Суғд омаданд.

Соҳибкорони турк бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодии вилояти Суғд, имкониятҳои мавҷуда барои рушди соҳибкорӣ, омӯзиши фазои сармоягузорӣ ба вилоят омаданд. Қабл аз ин як гуруҳ соҳибкорони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз минтақаҳои гуногуни Туркия боздид намуда, аз сармоягузорони турк дархост карда буданд, ки ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Суғд: 50 ҷойи ифтихории хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар 14-умин Олимпиадаи байналмилалии  «Дониш»

Аз 31 – уми октябр то 6 – уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия 14-умин Олимпиадаи байналмилалӣ  аз фанҳои математика, физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони русӣ, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1200 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар Олимпиада 99 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Спитамен ва МТД «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон иштирок намуда, ба гирифтани 50 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла  15 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюм ноил гардиданд.

Нишасти 203-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар вилояти Фарғона баргузор гардид

Бо дастгирӣ ва сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон нишасти 203-юмини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд.

Тибқи иттилои роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов сездаҳ нафар адибу олими вилояти Суғд давоми ду рӯз дар шаҳри Фарғона, Риштон  ва Марғелон  бо аҳли илму адаби вилояти Фарғона, мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарӣ ошно гардида, сӯҳбату мулоқотҳои муфид баргузор намуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш