Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва Мирзоанвар Аҳмедов бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакилони парлумони мамлакат мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба парлуми кишвар ва кулли мардуми диёр 23 - уми декабри соли 2022 ироа гардид, ба фаъолони ноҳия шарҳ доданд.



3 январ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон доир гардид ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” шарҳу тавзеҳ дода шуд.
