15 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, инчунин бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Гимназияи №4-и шаҳри Истаравшан бинои иловагии таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими баистифодадиҳии иншоот раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назруллозода Зиёратшо иштирок намуданд.



Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Маркази саломатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд.
Тавре қаблан хабар дода будем, ҷиҳати иштирок дар чорабинии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе гуруҳи калони меҳмонон ба вилояти Суғд ташриф оварда буд.
