Тавре маълум аст, рӯзҳои 17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" доир мешавад ва барои иштирок дар ин чорабинии муҳими сатҳи минтақавӣ аз кишварҳои гуногун меҳмонон ба вилоят ташриф оварда истодаанд.
16 июн дар қатори соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолӣ 17 нафар варзишгарон аз Ҷумҳурии Беларус ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истиқбол гирифтанд.