Ифтитоҳи бинои иловагии маркази саломатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Маркази саломатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд.

Бинои иловагии маркази саломатии ноҳия дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст.

Боздиди вакилони Иҷлосияи ХVI Шўрои Олӣ ва адибону аҳли зиё аз минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд

Тавре қаблан хабар дода будем, ҷиҳати иштирок дар чорабинии ҷумҳуриявӣ ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе гуруҳи калони меҳмонон ба вилояти Суғд ташриф оварда буд.

Дар гуруҳ вакилони Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони меҳнат, аҳли зиё, шоирону адибон, кормандони ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ шомил буда, меҳмонон пас аз иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии «Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории миллӣ», ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, аз шаҳру ноҳияҳои вилоят боздид намуда истодаанд. Аз ҷумла, меҳмонон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд», маҷмааи «Қалъаи Муғ»-и шаҳри Истаравшан, Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ҶСП «Оби зулол», ҶСК «Қолинҳои Суғд», ҶДММ «Хубҷамъ инвест», корхонаи «Зари Суғд» ва ғайраҳо боздид намуда, бо маконҳои истироҳативу фароғатӣ ва таърихӣ, фаъолияти корхонаҳои азими саноатӣ шинос гардиданд.

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти томактабии "Аладдин" дар Истаравшан

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Аладдин" ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи муассиса раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, раиси Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулҳафиз ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назруллозода Зиёратшоҳ иштирок намуданд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш