23 декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, ки онро дар тамоми идораҳо ва ташкилоту идораҳои вилояти Суғд тамошо намуданд.
Кормандони бахш, шуъбаву раёсат ва сарраёсатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ сарҷамъона Паёми Пешвои миллатро тамошо карданд.



Давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 21 млрд. 759,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба маблағи 14 млрд. 481,2 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд.
