Имрӯз дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои деҳот беш аз 560 нафар маъюбони гурӯҳи якум гирди дастархони идонаи солинавӣ ҷамъ оварда шуданд.
Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар аз номи муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода онҳоро табрик гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки ғамхорӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, маъюбон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва дар ин самт ҳамасола корҳои зиёде анҷом дода мешавад.



Бо кўшиши гурўҳи муаллифон – кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» (А.Ғафуров, Б.Раҳматов, И.Шехимов, А.Ҳоҷибоев ва Н.Латифӣ) китоби нави «Фарҳанги истилоҳоти ирфонӣ ва таъбироти арабии ашъори Камоли Хуҷандӣ» ба табъ расид.
24 декабр дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо нишони ҳамовозӣ аз ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди эълони соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо ва илҳом аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамоиши идона доир гардид.
