Дар семоҳаи аввали соли 2023 ба маблағи 5 млрд. 892,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд

Дар се моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 5 млрд. 892,4 млн. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,1 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 1696,4 тонна равғани растанӣ, 8666,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 1809,8 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 2272,5 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли равғани растанӣ 116,3 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 103,1 фоиз, консерваҳо 117,7 фоиз, нӯшокиҳои беспирт 122,2 фоиз таъмин гардидааст. 

Дар шаҳру ноҳияҳо шанбегии умумӣ ташкил карда шуд

15 апрели соли равон бахшида ба Иди Рамазон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳашари тозагиву ободонӣ гузаронида шуд.

Сокинон, кормандони ташкилоту идораҳо ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ дар ҳашари умумӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ, назди биноҳои маъмурӣ, роҳҳо, боғҳо ва кӯчаву хиёбонҳо гузоштанд.

Ҳамзамон аз ҷониби сокинон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногун шинонида шуда, ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом тозаву озода нигоҳ доштани ҷойи зист ва ободу сарсабз намудани диёри азизамон мебошад.

Дар Хуҷанд комплекси варзишии «Раззоқ»-и ба номи Бобоҷон Каримов ба истифода дода шуд

Дар маҳаллаи “Раззоқ”-и шаҳри Хуҷанд комплекси варзишии «Раззоқ»-и ба номи Бобоҷон Каримов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки комплекси варзишии навбунёд дар соҳили дарёи Сир бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Маъруф Каримов дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, майдони умумии масоҳати он 1744 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар комплекси варзишии навбунёд майдони футбол, майдонча барои бозии баскетбол ва ҳамзамон дастгоҳҳои истироҳатию фароғатӣ, солимгардонӣ, тавонбахшӣ насб карда шудаанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш