27 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - анҷумани тақдирсоз!” баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, аъзоёни Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, занону ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.



Зиндагии инсонҳо барои некӣ кардан ба ҳам аст ва дастёри ҳамдигар будан беҳтарин рисолати инсонист, ки хушбахтона инро бисёре аз шахсиятҳо хуб дарк мекунанд ва умри худро сарфи ободии диёр менамоянд. Ҳамин муҳаббат варзидан ба инсонҳо ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа аст, ки якеро соҳибэҳтиром мекунаду дигареро ба қуллаи мурод мерасонад. Зеро хуб будан ва хубӣ кардан дар замири башар нуҳуфтаву ҳамеша водор месозад, ки дар иҷрои корҳои неку мондагор фаъол бошем. 8 октябри соли 2022 дили яке аз инсонҳое аз тапиш монд, ки дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта буд: Очилов Дадохон Икромович...
Ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд барои омӯзгорони 12 синфхонаҳои захиравии вилояти Суғд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти фарогир. Мутобиқ кардани барномаи мактабӣ барои кӯдакони маъюбиятдошта” баргузор гардид.
