24 декабр дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо нишони ҳамовозӣ аз ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди эълони соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, 21 март Рӯзи байналмилалии пиряхҳо ва илҳом аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамоиши идона доир гардид.
Нахуст раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ кулли сокинону меҳмонони шаҳр ва иштирокдорони ҳамоиши идонаро ба ифтихори ин рӯйдоди хубу хотирмон ва таърихӣ таҳният гуфта, барояшон бурдбориву муваффақиятҳои беназир таманно намуд.



23 декабр Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид, ки онро дар тамоми идораҳо ва ташкилоту идораҳои вилояти Суғд тамошо намуданд.
Давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 21 млрд. 759,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3595,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,6 фоизро ташкил медиҳад.
