Рӯзҳои 3 ва 4 январи соли 2023 гуруҳҳои тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар шаҳру ноҳияҳо бо аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронанд.
Ба гуруҳҳои тарғиботӣ роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, олимону коршиносон, рӯзноманигорон, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, масъулини ҳизбҳои сиёсӣ, собиқадорон шомил буда, тӯли ду рӯз нуктаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.



Дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гашт, ки дар кори он муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
