Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд.

Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати он 3411 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино аз ҷониби ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нигина” бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ, бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ аз маводи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ бо сифати баланд бунёд гардида, дар он барои то 700 нафар донишҷӯ дар як баст шароити меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги ҶСП «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро ифтитоҳ намуданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди санги Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат эълон кардани солҳои 2022-2026 аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Камоли Хуҷандӣ» таъсис дода шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон коргоҳи пойафзолбарории «Маҳина»-ро мавриди истифода қарор доданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи пойафзолбарории “Маҳина”»-ро дар шаҳри Гулистон мавриди истифода қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкорзани ватанӣ Ҷаннатой Абдалиева дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун Солҳои рушди саноат бунёд гардид. Коргоҳ дорои 13 дастгоҳи истеҳсолӣ мебошад, ки аз хориҷи кишвар оварда, васлу насб карда шудаанд.

Категорияҳои дигари ин бахш

Категорияҳои дигари ин бахш