Дар толори муҳташами Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент маросими қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, озмуни шаҳрии “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ зикр намуд, ки маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол мо имкон пайдо намудем, ки ба таъриху фарҳанги оламшумули худ, кору пайкори абармардони илму адабамон шоиста арҷгузорӣ намоем, ба мутолиаи китоб, ки меҳвари донишандӯзӣ аст, бо баргузории озмунҳо таваҷҷӯҳи наврасону ҷавононро ҷалб созем, истеъдодҳои навро кашф намоем.