БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Исфара беш аз 600 иншоот бунёд мешавад

Азназаргузаронӣ: 650

Дар нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорони васоити ахбори омма раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми шаш моҳи аввали соли 2022 гузориш дод. Қайд гардид, ки ҷиҳати омодагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 607 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.

- Боиси хушнудист, ки алҳол барои барқарор ва таъмиру тармими бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Нурафшон аз буҷети маҳаллии шаҳр 40 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, барои идомаи корҳои ободонӣ ба ҷамоатҳои шаҳракҳои Нафтобод, Шӯробу Нурафшон ва Ҷамоати деҳоти Навгилем 73 790 сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамзамон барои корҳои ободонию созандагӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Сурх нақлиёти махсуси идораи хоҷагии об ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди № 50 ва дигар корхонаю ташкилот, ҳамчунин соҳибкорон ҷалб гардидаанд, иброз дошт раиси шаҳр.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, давоми шаш моҳи соли 2022 аз шаҳру деҳоти Исфара 12676 нафар сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дидан намуданд.

Сайёҳон асосан ҳамчун сайёҳи табобатӣ ба Осоишгоҳи «Зумрад», ба маконҳои таърихию фарҳангии «Ҳазрати Шоҳ», «Лангари моҳиён», «Қалъаи сурх», «Шимурғонбобо», мадрасаи Абдуллохон, осорхонаи кишваршиносӣ, осорхонаҳои ба номи А. Атобоев, ба номи Лутфулло Бузургзода, боғи истироҳатию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва маркази истироҳатии «Ҷаҳони нав» ташриф оварданд. Таваҷҷуҳи сайёҳон асосан ба сайёҳии солимгардонӣ, табобатӣ, пиёдагардӣ, агросайёҳӣ, саноатӣ, велотуризм ва мототуризм нигаронида шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд