Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба 1 млрд. 416,8 млн. доллари ИМА баробар шуд

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба 1 млрд. 416,8 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138% таъмин гардид.

Ҳаҷми воридот 896,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 146,5 млн. доллар ё 19,5 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 519,8 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 243,9 млн. доллар ё 1,9 % зиёд  мебошад.

Ҳаҷми содирот аз ҳисоби нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёд шудани содироти нахи пахта, маҳсулоти кишоварзӣ, либосворӣ ва маъдану консентрат афзоиш ёфтааст.

Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 164,6 млн. доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 184 ҳаз. 993 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 326,2 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 62,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 4,1% боло рафтааст.

Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 86 ҳаз. 980 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 365 ҳаз. 182 тонна семент ба маблағи 10,9 млн. доллари ИМА содирот шудааст.

Афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба миқдори 3 ҳаз. 212 тонна ё 3,5 фоиз таъмин гардида, 92 ҳаз. 875 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори беруна бароварда шуд.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда ҳиссаи хушкмева ва пиёз хеле назаррас боқӣ монда, дар ин давра 19 ҳаз. 480 тонна хушкмева ба маблағи 11,96 млн. доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба миқдори 7 ҳаз. 13 тонна ва ба маблағи 7,0 млн. доллар зиёд мебошад.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 61 ҳаз. 730 тонна пиёз ба маблағи 6,2 млн. доллар содирот карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд