Озмуни вилоятии «Ҳунарманди сол» доир мегардад

Бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандон моҳи сентябри соли 2022 озмуни вилоятии «Ҳунарманди сол» гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, гузаронида шуда, даври аввал дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюм дар маркази вилоят доир хоҳад шуд. Иштирок дар озмун маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти худ иштирок намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд