Деваштич. Дар мавзӯи «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори ваҳдати миллии тоҷикон» конфронс доир гардид

Азназаргузаронӣ: 714

23 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Деваштич зери унвони «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - бунёдгузори ваҳдати миллии тоҷикон» конференсияи илмӣ - амалӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир шуда, дар он раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода, раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Қобилҷон Усмонов,  намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолону собиқадорони соҳаҳои мухталифи ҷомеа ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Нахуст раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода иштирокдорони конфронсро бо фарорасии 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Қайд карда шуд, ки бо талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист дар муддати кӯтоҳ забонаҳои оташи ҷангро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, фирориёнро ба Ватан баргардонад ва ба ободии мамлакат камар бандад.

Президенти мамлакат мувофиқи гуфтаҳояшон амал намуда, барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, ба манзили зисти доимиашон баргардонидани гурезаҳо, ба ҳам овардани мардум, барқарор сохтани манзилҳои харобгашта, таъмини рушди иқтисодиёти кишвар хидмати шоиста ва фаромӯшношуданӣ карданд.

Ҳамчунин, дар конфронс иштирокчии Иҷлосияи 16-ум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимов Ҳошим, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Даврон Эргашев,  раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ноҳия Баҳодуров Юсуфҷон, директори маркази минтақавии ёрии иҷтимоӣ Солиева Лутфинисо ва Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Усмонов Қобилҷон оид ба истиқрори умумии сулҳ ва ризояти миллӣ, ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои овардани сулҳи деринтизор дар Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар охир иштирокчиёни конференсия бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ Муроҷиатнома қабул намуда, бо назардошти хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории навин, нақши арзанда дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амалӣ намудани ормонҳои ҳазорсолаи мардуми кишвар аз мақомоти олии қонунгузори мамлакат хоҳиш намуданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дуюм бо унвони олии Ватан - “Қаҳрамони Тоҷикистон” сарфароз гардонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд