Пирӯзии намояндагони вилояти Суғд дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»

Шоми дирӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки зимни он ба се нафар иштирокчии фаъол Гулноза Ғаффорӣ аз шаҳри Хуҷанд дар номинаи сарояндагӣ (аз 18 то 40-сола) ва Салоҳиддинхон Ҷалолиддинхонов аз ноҳияи Спитамен дар номинаи композиторӣ (аз 18 то 40-сола) Шоҳҷоиза ба маблағи 50 000 cомонӣ супорида шуд.

Дар маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири фарҳанги мамлакат Зулфия Давлатзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, аъзои ҳакамон, иштирокдорону водидайни онҳо ва намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Имсол дар даври аввали озмун 2991 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 1317 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 1317 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 311 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 152 нафар сароянда, 121 тан навозанда ва 38 нафар оҳангсоз мебошанд. Тибқи тақсимоти синусолӣ, ки дар Низомнома муқаррар гардидааст, дар даври сеюм 120 нафар довталаби аз 12 то 17- сола ва 191 нафар довталаби аз 18 то 40-сола иштирок намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд