17 нафар толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи байналмилалие, ки моҳи январи соли 2022 дар Техаси ИМА мегузарад, роҳхат гирифтанд. Дар ин бора директори литсей Сурайё Неъматова иттилоъ дод.
Ба иттилои роҳбари муассисаи таълимӣ ба ҳаракати олимпии литсей 180 нафар хонандагон шомил буда, соли таҳсили 2020-2021 хонандагон аз 15 олимпиадаи байналмилалӣ 156 медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, толибилмони литсей дар олимпиадаи байналмилалии «Дониш», ки дар Анталияи Ҷумҳурии Туркия рӯзҳои 1 — 10 ноябри соли равон сурат гирифт, ширкат варзида соҳиби 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ ва 11 медали даставрӣ гардиданд. Хонандаи синфи 10 литсей Алиҷон Усмонов аз фанни математика мақоми аввалро ба даст оварда бо медали тилло, ҷом ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд. Аличон Усмонов дар бахши математика 100 холро ба даст овард, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин байни тамоми иштирокчиёни озмун ба ҳисоб меравад. Бо ба даст овардани ин нишондиҳанда номбурда имкон пайдо намуд, ки ба таври ройгон ба Академияи туризми Анталия дохил гардида, таҳсили худро идома диҳад.
Ҳамзамон хонандагон Сафар Ҳасанов соҳиби ҷойи дуюм, Аҳмад Маъруфов, Амир Султонов, Имдод Каҳҳоров, Аслан Нусратшоев, Ясмина Аҳророва ҷойи сеюмро ба даст оварданд, ки натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
-Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи хонандагон дар литсей диққати махсус дода шуда, хонандагонро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба озмуну олимпиадаҳо омода месозем. Дарсҳо дар муассисаи таълимӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷараён гирифта, хатмкунандагони литсей дар бонуфузтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон, Россия, Чин, Амрико, Туркия, Олмон Корея таҳсили худро идома медиҳанд. Боварии комил дорем, ки баъди таҳсил аксари наврасону ҷавонон чун мутахассиси баландихтисос барои рушди кишвари худ талош менамоянд, — иброз дошт Сурайё Неъматова.
Ӯ ҳамзамон афзуд, ки шароити фароҳамшуда барои таҳсил имкон медиҳад, ки хонандагон дарсҳоро дар сатҳи зарурӣ азхуд намуда, дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гарданд. Имсол 3 хонандаи муассисаи таълимӣ ба озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва 2 нафари дигар ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифтанд, ки ин боиси хушҳолии ҷомеаи меҳнатии муассисаи таълимӣ мебошад.
Дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд 630 нафар таҳсил доранд. Дар он барои хонандагоне, ки аз роҳи дур меоянд, хобгоҳ низ фаъолият дошта, хонандагон илова бар дарсҳо дар маҳфилҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», маҳфилҳои забони англисӣ, хитоӣ, немисӣ, гулпарвариву «Дастони моҳир» дониши худро такмил медиҳанд ва касбу ҳунарро меомӯзанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд