Тавре маълум аст, рӯзҳои 17 ва 18 июн дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" доир мешавад ва барои иштирок дар ин чорабинии муҳими сатҳи минтақавӣ аз кишварҳои гуногун меҳмонон ба вилоят ташриф оварда истодаанд.
16 июн дар қатори соҳибкорону тоҷирон ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолӣ 17 нафар варзишгарон аз Ҷумҳурии Беларус ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Варзишгаронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд намояндагони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истиқбол гирифтанд.
Варзишгарон тӯли чанд рӯз дар мусобиқоти варзишӣ, ки барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд гузаронида шуда истодааст, иштирок менамоянд.
Дар суҳбат бо хабарнигорон меҳмонон аз истиқболи самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, миннатдории худро ҷиҳати даъват дар мусобиқоти варзишӣ баён карданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд