Субҳи рӯзи 16 июн гуруҳи калони соҳибкорон ва сайёҳон аз Федератсияи Россия барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмононро намояндагону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истиқбол гирифтанд.
Меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, барои қабулу пазироии шарқиёна миннатдории самимии худро изҳор доштанд.
Хотирнишон бояд кард, ки рӯзҳои 17 ва 18 июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ярмаркаи савдо, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, таҳкими муносибатҳои дарозмуддати тиҷоратӣ ва шарикии доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, сармоягузорон ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ тавассути фароҳам овардани замина барои намоиши иқтидори маҳсулот, ҳамкорӣ, имконият ва таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои хориҷӣ ва бастани шартномаҳо барои содироти маҳсулот мебошад.
Дар назар аст, ки дар ин чорабинии сатҳи минтақавӣ 400 нафар меҳмонон иштирок намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд