Дар ноҳияи Айнӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли семент оғоз ёфт 

Ҳукумати кишвар барои татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд, барномаҳои зиёдеро рӯи даст гирифтааст. 

Дар ноҳияи Айнӣ, ки дорои захираҳои зиёди канданиҳои фоиданок мебошад, давоми се соли охир корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида истода, масъулон ба хотири таъмини  рушди  устувори  саноат,  рушди  иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои  нави корӣ, баланд  бардоштани  иқтидори содиротӣ мамлакат ва  рақобатнокии он чораҳои зарурӣ меандешанд. 

Дар  натиҷаи  тадбирҳои андешидашуда, вобаста  ба  амалигардонии   дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Анзоб барои сохтмони корхонаи истеҳсоли семент “Фон – Семент” санги асос гузошта шуд. Фармоишгари корхонаи истеҳсолии мазкур ҶДММ “Фон – Семент” буда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ “Саноатсоз” матраҳ гардидааст.

Бо бунёд гардидани корхона фармоишгар нақша дорад дар давоми сол то 100000 тонна сементи хушсифат истеҳсол намояд. Корхонаи саноатии “Фон – Семент” мувофиқи нақшаи фармоишгар бояд дар давоми 26 моҳ сохта ба истифода дода шавад. Бо ба кор шурӯъ намудани корхона 120 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд