15 июни соли равон иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум доир мешавад

15 июни соли равон иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум доир мешавад.

Ба баррасии иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум масъалаҳои зерин пешниҳод карда мешавад:

  1. Дар бораи эътироф намудани ваколати вакилии вакилони интихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии ҷудогона;
  2. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”;
  3. Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон;
  4. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх», №5 Саидӣ Дилафрўз Раббизода оид ба иҷрои ваколати вакилӣ;
  5. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз 13 марти соли 2020, №№7, 9, 10, 11, 12 ва 13;
  6. Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;
  7. Тасдиқи қарорҳои Раиси вилояти Суғд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд