Барандаи гранти Президентӣ Мавзуна Сангинова коргоҳи худро фаъол намуд

Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, дар ин самт таъсис дода шудани грантҳои Президентӣ ва грантҳои Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба таъмини занону духтарон бо ҷойи корӣ соли соли 2021-ум 20 нафар занони ҳунарманди вилоят соҳиби гранти Президентӣ гардиданд.

Яке аз бонувони чирадасту ҳунарманди вилоят Мавзуна Сангинова ҳунари челонгариро аз худ намуда, коргоҳи таъмири муҳаррики автомолро ифтитоҳ намуд.

Мавзуна Сангинова истиқоматкунандаи шаҳри Бўстон, оиладор соҳиби се нафар фарзанд буда, хатмкардаи курси челонгарии Литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд мебошад ва амалан исбот намуд, ки бонуи тоҷик низ дар қатори мардон челонгар шуда метавонад.

Мавзуна соҳиби гранти Президентӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ шуда, акнун бо истифода аз маблағи грантӣ дар ҳудуди Литсейи политехникии шаҳри Хуҷанд коргоҳи худро ифтитоҳ намуда, бо таъмири муҳаррики автомобилҳо машғул мебошад. 

Дар маросими кушодашавии коргоҳи таъмири муҳаррики автомобил намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, Бўстон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова иштирок намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барояш комёбиву муваффақият таманно намуданд.

Зимни муаррифии лоиҳа Мавзуна Сангинова иброз намуд, ки  дар байни 29 нафар ҷавононмардон таҳсил намуда, имрӯз ягона занест, ки бо ин касб машғул мебошад ва айни ҳол шогирдонро тарбия намуда истодааст, ки дар байни онҳо 2 нафар духтарон мебошанд. Дар оянда мехоҳад ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гардад ва тахассуси хешро такмил дода, фаъолияташро васеъ намояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд