«Ваҳдат самараи талошҳои Пешвои муаззами миллат аст»– роҳпаймоӣ ва ҳамоиши идона дар шаҳри Бӯстон

1 июн бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем!» дар шаҳри Бӯстон роҳпаймоӣ ва ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар роҳпаймонии идона хизматчиёни давлатӣ, сарбозону афсарони шуҷои Ватан, устодону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат намуданд.

Ҷавонон таҳти шиорҳои "Пешвои мо-ифтихори мо", "Пайравони Пешвои миллатем!", "Ваҳдат самараи талошҳои Пешвои муаззами миллат аст!", "Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем - пайравони Пешвои миллатем", "Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардон аст" ва амсоли инҳо аз назди бинои маъмурии прокуратураи шаҳрӣ то гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон роҳпаймоӣ намуда, дар ҳамоиши идона, ки дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр доир гардид, ширкат варзиданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Нахуст иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ кулли сокинону меҳмонони шаҳрро таҳният гуфта, зикр дошт, ки хушбахтона дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб бо эҳсоси гарму самимии ватандӯстона фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минбари Иҷлосия баромада, дилпуронаву боварибахшона иброз доштанд, ки “Ман ба шумо сулҳ меоварам ва дар ин роҳ лозим шавад ҷони ҷавони хешро дареғ намедорам”. Ин буд, ки дар ҳамин иҷлосия қадамҳои аввалини сулҳу субот гузошта шуданд. Пойдевори давлати навини Тоҷикистон гузошта шуда, фарди худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсти комил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд

Азму иродаи устувору баҳодурона, ҷаҳду талош ва кӯшишу ғайрати далеронаи Пешвои маҳбубу ғамхор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки маҷрои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дубора рӯ ба инкишоф ниҳода, масъалаи таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини кишвар, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму ойин ва  анъанаҳои фарҳангӣ, таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳиву ҳунарҳои милливу анъанаҳои неку писандидаи мардуми шарифи кишвар дар меҳвари сиёсати давлатдории навини миллӣ қарор гирифт.

Баъдан, собиқадори меҳнат, ходими намоёни ҷамъиятӣ, шоири ваҳдатсарро Мирзо Аҳмади Ҷӯразод дар мавзӯи «Таърихи расидан ба Ваҳдати миллӣ», ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдатро тараннум ва амалҳои ифротиро маҳкум менамоем» ва Раҳимов Ҳаётқул ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар мавзӯи «Пешвои миллат - ғамхори ҷавонон» суханронӣ намуданд.

Дар охир, барномаи рангини ватандӯстонаи ҳунармадони шаҳр пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд