1 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд тибқи ҷадвали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоркунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд курси сайёри такмили ихтисос оғоз ёфт.
Зимни ифтитоҳи курси мазкур муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Қодиров Зоҳир, сардори шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ Носиров Миршароб, мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонзода Рухшонахон иштирок ва суханронӣ карданд.
Бояд тазаккур дод, ки барои шунавандагони курси мазкур тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, фаъолияти шабакавии хизматчиёни давлатӣ дар шароити татбиқи ҳукумати электронӣ, фарҳанги истифодаи интернет, сиёсати давлатӣ оид ба иттилоот ва таъмини амнияти иттлоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳукумати электронӣ дар мақомоти давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзиҳшои миллӣ ва динӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида мешавад.
Қабл аз ҷамъбасти курс дар мавзуи “Татбиқи ҳукумати электронӣ ва тақвияти малакаҳои рақамии хизматчиёни давлатӣ” мизи мудаввар доир ва ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш Гувоҳнома тақдим мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд