31 май дар маҷлисгоҳи Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Конференсияи 19-уми ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд баргузор гардид.
Чорабинӣ аз ду қисмат иборат буд. Дар қисмати аввали намоиш-фурӯши китобҳои гуногун, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ихтирооти ҷавонону наврасон аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқҳои касабаи вилоят пешниҳоди ҳозирин гардид.
Сипас, наврасони фаъол, ғолибони озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз ҷумла, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Илм–фурӯғи маърифат», инчунин собиқадорони ҳаракати иттифоқҳои касаба бо туҳфаи Раиси вилояти Суғд ва Шӯрои иттифоқҳои касаба, ҳамчунин, фаъолони Шӯрои иттифоқҳои касаба бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон қадрдонӣ ва шунавандагони курси бозомӯзӣ низ бо шаҳодатнома сарфароз гардиданд.
Дар толори Шӯро конфронси 19-уми ҳисоботӣ-интихоботии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят баргузор гардид. Чорабиниро Шарифулло Абдуллозода ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят дар давраи аз моҳи майи соли 2015 то моҳи майи соли 2022 гузориш дод.
Баъдан, ахбори комиссияи тафтишотии Шӯро пешниҳод гардида, аъзои нави Пленуми Шӯро, аъзои нави Комиссияи тафтишотӣ, раиси Шӯро, муовинони ӯ, аъзои нави Раёсати Шӯро интихоб шуданд. Дар бораи Барномаи амали Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят барои солҳои 2022-2029 низ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар охири ҷамъомад ҳайати нави роҳбарияти Шӯро аз ҷониби вакилон аз нав интихоб ва Барномаи амали Шӯро тасдиқ гардида, оид ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.
Дар конфронс номзадии Шарифулло Абдуллозода ба раисии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд пешниҳод карда шуд, ки он аз ҷониби вакилон дастгирӣ ёфт.
Дар чорабинӣ раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд