Ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд субҳи имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Мо ҷонибдори сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем!» ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур фаъолони Ҳаракат, намояндагони Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон, омӯзгорону толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳар сол мардуми мо Рӯзи Ваҳдати миллиро бо рӯи сурху сари баланд ҷашн гирифта, ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки ваҳдат ва истиқлолият ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Аз ин лиҳоз халқи бузурги мо ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат ва истиқлолу озодӣ ба хубӣ мерасанд ва ба онҳо арҷ мегузоранд.
Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумӣ барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст.
Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бинобар ин ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва рамзҳои давлатӣ, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, таблиғи аҳаммияти сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат, эҳтирому риояи Конститутсия ва қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад.
Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт.
Бо назардошти ҳамин андешаҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон ҳамчун ояндасози давлату миллат сидқан бо дасту дили гарм, бо тамоми ҳастӣ хидмат ба Ватани маҳбубамон, ки бо сиёсати дурбинонаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати комилан миллӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона табдил ёфтааст, дӯст доранд ва барои ҳимояи марзу буми ин диёри куҳанбунёд содиқона хизмат намоянд. Бо ҳушёриву зиракӣ манфиатҳои миллии худиро аз хатарҳои бегонапарастон эмин нигоҳ дошта, нагузоранд, ки амалҳои ифротии хоинони миллат, ки бо ҳар гуна роҳҳо ҷорӣ ба афкори ҷовонон таъсир расонидан мехоҳанд, амалӣ гардад.
Чорабини бо барномаи фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанги ноҳия, ки тараннумгари ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ буд, хубу хотирмон анҷом пазируфт.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд