Қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2022» ба имзо расид

Қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 майи соли 2022 «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда-2022» ба имзо расид.

Тибқи ин қарор низомномаи озмун тасдиқ гардид, ки дар асоси он озмун аз рӯи номинатсияҳои «Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат», «Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ» ва «Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)» миёни кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят ва хабарнигороне, ки расонаҳои ҷумҳуриявиро намояндагӣ мекунанд, гузаронида мешавад.

Ба озмун бояд силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ, силсилаи гузориш ва барномаҳои радиоӣ ва

маводи чопиву интернетие пешниҳод гардад, ки дар марҳилаи аз 1 январи соли 2022 то 1 октябри соли 2022 пахш ва ё нашр гардида бошад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун  аз 1-ум то 20-уми октябри соли 2022 муқаррар гардидааст.

Озмуни анъанавии «Хомаи созанда» барои муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон ҳар сол гузаронида мешавад.

Ба 39 нафар ғолибони озмун ба миқдори аз 1500 сомонӣ то 6 000 сомонӣ мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд