28 майи соли 2022 бахшида ба рӯзи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар қисми ҳарбии 02615 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корбарии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 8 даста, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Вахши вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Сангвор иштирок доштанд.
Мусобиқа аз рӯи 5 бахш-машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мудофиаи гражданӣ ва беҳтарин нишонзан аз рӯи намуди яроқи пневматикӣ сурат гирифт.
Ҳайати ҳакамони мусобиқа, ки аз мутахассисони варзидаи қисми ҳарбӣ интихоб шуда буданд, ба маҳорату чусту чолокии иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд. Дар ҷамъбаст аз рӯи ҳамаи намудҳо ва холҳои ишғолнамуда дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷои 1-ум, дастаи шаҳри Конибодом сазовори ҷои 2-юм ва дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон сазовори ҷои 3-юм гардиданд.
Ғолибони озмун бо Диплому Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки даври вилоятии озмун моҳи феврали соли ҷорӣ дар асоси фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят баргузор гардида, дастаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом ғолибиятро ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта буданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд