Аёдати барқароркунандагони сохти конститутсионӣ

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастуру супориш ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд як қатор барқароркунандагони сохти конститутсионӣ аёдат карда шуданд.

Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ба аёдатшудагон номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Конститутсия расонид.

Аёдатшудагон Шўҳрат Назаров, Садриддин Абдуллоев ва дигарон барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят миннатдорӣ баён намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд