20 нафар муҳассилини Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи байналмилалии дониш — «International olympiad Antaliya 2021» дар шаҳри Анталияи Туркия қарор доранд.
Олимпиадаи мазкур аз рӯи фанҳои математика, физика, география ва забони англисӣ доир шуда, аз 1 то 7 ноябр идома меёбад.
Ба иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова, 20 нафар хонандагони литсей моҳи сентябр ба даври финалии озмун роҳхат гирифта, бо даъвати кумитаи тадорукоти озмун ба шаҳри Анталияи давлати Туркия сафарбар карда шуданд.
Роҳбарии гурӯҳро ҷонишини директори муассисаи мазкур Марворид Бобохўҷаева ва омўзгор Мирзозокир Султонов бар уҳда дошта, хонандагон 2, 4 ва 6 ноябр аз рӯи фанҳои математика, физика, география ва забони англисӣ дар олимпиада иштирок менамоянд.
Дар олимпиадаи «International olympiad Antaliya 2021» беш аз 2000 иштирокчӣ аз 27 давлат иштирок менамоянд.
Соли гузашта низ 20 нафар хонандагони литсейи мазкур дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, соҳиби 14 медал, аз ҷумла 4 медали тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии дониш 13 сол инҷониб ҳамасола аз тарафи Академияи туризми Анталия ва мактаби байналмиллалии ЭДУАНТ баргузор шуда, яке аз озмунҳои бонуфузтарин миёни хонандагон ба шумор меравад. Соли 2020 бинобар хуруҷи пандемияи COVID — 19 озмун тариқи фосилавӣ баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд