Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба наздикону пайвандони Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ изҳори тасаллият менамояд

Хабари даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон, ходими давлативу ҷамъиятӣ, устод Меҳмон Бахтӣ боиси андӯҳи дӯстдорони каломи бадеӣ ва мухлисони осори арзишманди ӯ гардид. Ин чеҳраи шоёну шоистаи рӯзгори мо дар пешбурди адабиёти муосири тоҷик ва рушду равнақи ҳаёти адабиву фарҳангии кишвар нақши муассир гузоштааст.
 
Меҳмон Бахтӣ 25 марти соли 1941 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт ба дунё омада, соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Москва) таҳсил намудааст. Аз ибтидои солҳои 60-и асри ҶҶ ба кори эҷодӣ машғул шуда, муаллифи маҷмӯаҳои адабии «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988), «Лаҳзаи ҷовид» (1972), «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), «Оҳи сабук» (1987), «Пйесаҳо» (1982), «Манзари қисмат» (2003), «Бозтоби Офтоб» (2006), «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ), «Оҳанги хаёл» (2011) ва ғайраҳо мебошад.
 
Шодравон солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дошт ва дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва тарбияи насли нави адибон саҳми арзандаи худро гузоштааст.
 
Меҳмон Бахтӣ барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон ва дорандаи Медали адабии байналмилалии ба номи Ф.М. Достоевский мебошад. Ҳамзамон, бо орденҳои «Шараф», «Исмоили Сомонӣ» ва як зумра медалҳо мукофотонида шудааст.
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Меҳмон Бахтӣ андуҳгин буда, ба фарзандону пайвандон, шогирдону ҳамкорон ва кулли мухлисони осори гаронмояи ин марди адаб сабри ҷамил мехоҳад.
 
Хотираи неки инсони нек, адиби барҷаста ва ходими намоёни адабиёти миллӣ устод Меҳмон Бахтӣ то ҷовидон дар хотири халқи тоҷик нақш хоҳад баст.
 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд